Як табассум ғунча гул кард аз лабони ёри мо


Як табассум ғунча гул кард аз лабони ёри мо,
Ў магар дорад ҳавас бар гулшани дидори мо?

Гар ниҳодӣ пой бар мулки дилам инро бидон,
Аз ҷунуну фитнааш огоҳ кардан кори мо.

Аз хаёли рӯи мо ҳар ғунча бишкуфад, бале
Инчунин ҷоду ниҳода бар ҷабин, рухсори мо.

Як фусуни дигаре бошад ниҳон дар чашм боз,
Бо нигоҳу камтар ишва мешавӣ афгори мо.

Бар қатори кокулон мафтун шудӣ? Ҳушёр бош,
Чун ба куштан қодир аст ин ҳалқае дар дори мо.

Лаҳзае андар гулистони муҳаббат хуш бувад,
Эй басе хоре расад андар пайи гулзори мо.

Вориси Лайло чу ҳастам ҷабр дорам бештар,
Баъд аз ин ҳам боз мехоҳӣ шавӣ дилдори мо?

Вожаҳои кӯҳна дорад ин ҳама байти ғазал?
Суннат андар кӯҳнагӣ нав мекунад гуфтори мо!

Реклама

Ин дили ман бо ҳама дурдонагӣ


Ин дили ман бо ҳама дурдонагӣ,
Нагз медонад ғами мардонагӣ.

Ман ба пои дил бубастам силсила,
То шавад оқил аз ин девонагӣ.

Гарчӣ медонам, наметонад дигар,
Бо ҷунуни ишқ ӯ фарзонагӣ.

Бин, диламро бар қафас андохта,
Ин Ҳуморо мекунам ман хонагӣ.

Маслиҳат дорам ба ту эй дил, ба худ
Ошно кун шеваи бегонагӣ.

Он касе к-аз оташи ишқе насӯхт,
Аз куҷо донад ғами парвонагӣ.

Ҳеч кас парво надорад аз ғамат,
Бас дилам, дигар макун мардонагӣ.

Дар ин шабҳо дубора бо ҳиҷову вазн даргирам,


Дар ин шабҳо дубора бо ҳиҷову вазн даргирам,
Ҷуз ин коре надорам ман, аламро аз қалам гирам.

Ман ин шаб ҳам наметонам бигӯям шеъри шодиро,
Намехоҳам шикоят кардан, аммо боз дилгирам.

Ту бингар қадри чашмонам таваррум мешавад ҳардам,
Зи беқадрӣ куҷо гӯям? Ба дасти туст тадбирам.

Хумори нашъаи ёдат бисузад устухонамро,
Вале хомӯш будан беҳ, ки дасту по ба занҷирам.

Ба кӯи дил ғамат лашкар кашад ҳар лаҳза бешафқат,
Мусулмон шав, аз ин артиш ҳимоят кун, ки мемирам.

Ту медонӣ, ки ғамҳоят маро оҳиста хохад кушт,
Фақат, хоҳиш, магӯ дигар чунин бошад зи тақдирам.

Агар умри дигар ёбам дубора ишқи ту хоҳам,
Агар чанде, ки дар айни ҷавонӣ мекунад пирам.

Бар ман гӯ…


Аз ин мотамсаро ҷои гурезе ҳаст? Бар ман гӯ!
Чаро бошад чунин тақдир моро паст? Бар ман гӯ.

Набояд мешудем ошиқ, чунин ҳарфе надорад суд!
Чӣ кардан метавон? Тир аз камонаш ҷаст, бар ман гӯ.

Агар дарёдилӣ кардам ба вақти орзуҳоям,
Чаро бар моҳии тилло фикандӣ шаст? Бар ман гӯ.

Даруни сина исёне зи хомӯшӣ ба танг омад,
Вале ҳоло чаро буғзе гулуро баст бар ман гӯ.

Ба нохун медаронад рӯҳи моро гурги бедодӣ,
Зи чанголи ғамаш бояд чӣ гуна раст? Бар ман гӯ.

Надорад ҳеч парвое банӣ Одам ба ҳамдигар,
Ало Саъдӣ, ку он узве, ки мепайваст? Бар ман гӯ

Шеъри ман шӯре надорад беҳузури ёди ту


Шеъри ман шӯре надорад беҳузури ёди ту,
Мешавад то боз гӯям ҳарфҳои шоди ту?

Ҳарф- ҳарфи вожаҳои шеър мепурсад зи ман,
Ростӣ, кай мерасад ин ишқ бар имдоди ту?

Қадди болои туро ман дӯст медорам, бидон
Гар нагуфтам ҳеч гаҳ аз rомати шамшоди ту.

Як сари мӯ гар бигӯям қиссаҳои ишқи худ,
Достоне мешавад бар наслу бар авлоди ту.

Дар сари вайронаҳои бахти худ биншаста ман,
Боз хоҳам дар дуоям хонаи ободи ту,

Ман Сурайёям ба поси ишқ, боре ҳам бигӯ,-
Нозанинам, ҷовидонӣ мешавам Фарҳоди ту!

Барои зиндагӣ бикӯшӣ беҳтар аст


Бас гиря, дил ! Барои зиндагӣ бикӯшӣ беҳтар аст,
Мотам магир! Ҷои ин ба шавқ ҷӯшӣ беҳтар аст.

Фарёдро ба сина фурӯ бар, ки ин ҷо аз ду сар,
Эй дил, туро касе набишнавад, хамӯшӣ беҳтар аст.

Заҳри фироқ пурқадаҳ бувад, вале ту дам мазан,
Ин ҷомро бидуни нӯшбод нӯшӣ беҳтар аст.

Донам ҳазор дард андарун туро, аммо чӣ суд?
Тӯфон макун дило, ки бесадо хурушӣ беҳтар аст.

Бовар бикун дурахши босаодати фардо, ки ҳаст,
Баҳри наҷот ҷомаи имон бипӯшӣ беҳтар аст.

Эй муҳаббат


Боз кардам, ҳасратам дар сина зиндон беасос,

Аз барояш, эй муҳаббат, ин бувад оё қасос?

Қадри зар заргар бидонад! Баъди ин беқадриҳо,

Рост гӯ ман зар набудам, ё ки ӯ зеваршинос,

Бештар ғам медиҳад, то бештар ёдаш кунем,

Меҳрубониҳош мегардам, Худоямро сипос.

Зиндагӣ чун обшорон … гуфтаанд ин борҳо,

Дарки ин маънӣ бикун некӣ зи кас монад халос.

Ман дигар ҳарфе надорам, ҳарчӣ мехоҳӣ бигӯ,

Пас чӣ  фарқе мекунад бо корд куштӣ ё ки дос?

Ҳамнаво пайдо нашуд


Бар садои қалби зорам ҳамнаво пайдо нашуд,
Бахти хоболудаамро ҳеч чашмаш во нашуд.

Ҳарчӣ аз андӯҳ буд қисмат ба ман бинвишту лек,
Ин хати пешониамро бахти комил ҷо нашуд.

Бин фалак бар мо ғамаш арзон ҳаме дорад мудом,
Косаи давраш, вале як лаҳзае аз мо нашуд.

Васли рӯяшро ба нархи ҷон харидорӣ кунам,
Пеши чашмаш ҷони моро қимматаш боло нашуд.

Рӯи моҳам Қайсро девона месозад, вале
Нек бингар Маҷнун имрӯз ошиқи шайдо нашуд.

Гар ғами дунё ғазалхон карда дилро, лек боз
Дар гулистони муҳаббат булбули гӯё нашуд.

Бо ҳама дарде, ки дорам, мӯҳри хомӯшӣ ба лаб
Гуфта будам, ман шикоят бас кунам, аммо нашуд!

Издиҳоми ғам


Хамӯшӣ дар гулӯи мо ҳазору яу сухан дорад,
Ту бингар издиҳоми ғам ба сина анҷуман дорад.

Ҳаёҳуҳои беовоз мехезад зи мағзи ҷон,
Ба сони нолаҳое, ки насими сад чаман дорад.

Ҷудо аз ҳам барои хештан сӯзем мо танҳо,
Чӣ гӯям мардуми моро, ҳанӯзам мову ман дорад!

Ба сангаш мезанад қисмат!!! Барои бурдаи ноне
Ғурури шермардонро шикан андар шикан дорад!

Мусофирбаччаи тоҷик ба шаҳри рус саргардон,
Зи ҳокимҳо кӣ мепурсад, муҳоҷир ҳам ватан дорад?!

Занон танҳо! Ба ҳиҷрат рафта шавҳарҳову мегӯянд:
Бифахрам ё бигирям ман ба мардиҳо, ки зан дорад?!

Зи чодухои чашмонат


Зи ҷодуҳои чашмонат хабар дорам, ба ин андоза аммо не,

Гирифтори расанҷодуи мижгонам, вале дардо, ки аз мо не.

Паёпай мекушӣ моро ба дарду доғи танҳоӣ, вале бозам,

Аҷал аз мо гурезон аст, умеди будани ту пой бар ҷо не.

Ситезам бо ҳама дунё, надорам чашми мастатро ҳамин мушкил,

Магар девонагиҳоям гирифтан касди Исоро зи Мӯсо не?

Шунидӣ лола дарди худ даруни сина пинҳон карду хандон шуд,

Ту ҳиммат кун, зи лабханди лабони мо биҷӯ пинҳон, ки пайдо не.

Нигар марзи ҷудоиҳо гарам девори Чин гашта, ба қасдаш ман

Туро гӯям, агар кардам фаромӯшат, бидон номам Сурайё не!

Ту биё, ба ҷашни Наврӯз!


Зи ғамат дубора имшаб ба ғазал паноҳ бурдам,
Ту бубин, ки ин шикоят ба суроғи моҳ бурдам.

Чу ғамат ба хонаи дил ба зиёди танг омад,
Мани беҳунар ту бингар ба ҳиҷои оҳ бурдам.

Ман аз ин ситоразорон, ки ба шаб ҳамекунад ноз,
Ба якин расидам охир, ки маҳам ба чоҳ бурдам.

Ба ҳамон нигоҳи аввал, ки ба шаҳри ишк мебурд,
Ки ба умри хеш онро чу дуои роҳ бурдам.

Ту бигӯ зи хилвати мо, ки садои тик-тикашро,
Ба садои ҳик-ҳики худ ба чӣ иштибоҳ бурдам.

Ту гарам ба ишкбозӣ дили худ баранда донӣ,
Магарам хабар надорӣ ки гаҳеву гоҳ бурдам?

Ту биё ба ҷашни Наврӯз, зи ғурури хеш бигзар,
Ва бигӯ, ки аклу ҳушро ба ҳамин нигоҳ бурдам.


Модар сари зонуят хуморӣ шудаам,

Як нусхаи асли беқарорӣ шудаам.

То давлати диданат насиба бикунад,

Бошандаи шахри интизорӣ шудаам.


Чун ёди шумо дар  сари мо гашт хиромон,

Бечора дилам волаву шайдову парешон

 Чашмони шумо соқии пуртаҷриба дорад,

Як ҷуръа нанӯшида шудам масту ғазалхон.

 Ман масти таманнои нигоҳаш шудаам, бин

Коняк ба киҳо мебарад он соғари чашмон?

 

Эй дилбари шӯридаи мо раҳм бифармо,

Озод кун аз доми расанҷодуи мижгон.

 Дар банд маро кардиву аммо ту надонӣ?

Худ бин, ки гирифторӣ ба ин чоҳи занахдон.

 Ин нозу итобам агарат кора надорад,

Бар бод диҳад ақли туро селаи зулфон.

 Гармак бинамудат ба назар кулчаи рӯям?

Чун нон бинамояд ба гадо он маҳи тобон.

 Дар боғи ду рухсори шумо лола дамидаст,

Хандон зи чӣ бошад бари ин рӯйи гулафшон?

Менаравӣ аз дари ёдам


Як лаҳза чаро шӯхи бало менаравӣ аз дари ёдам,
Эй ишкталаб, ақли маро бурдиву аз кори ту шодам.

Шаб то ба саҳар ёди ту афсона кунад аз ғами ҳаҷрат,
Чун қиссашунав қисса бигӯ, бешу камам баҳри ту додам.

Аз рӯзи азал меҳри ту ҳамқисмати ман нест, ба қасдаш,
Дар батни ғамам тифли умед аст, ки ғамзода бизодам.

Бо боди сабо як сари мӯ аз ту расад лаззати дидор,
Бо он ки саҳар аз сари кӯи ту расид, ошиқи бодам.

Хоҳам, ки занам қуфл ба симкарти дилам, лек чӣ ҳоҷат
Охир ту, ки аз ёд бидонӣ ҳама пассвордаму кодам.


У аз бари ман гар гузарад хандакунон,
Дар боғи дилам лола дамад ҷилвакунон.
Бо теғи нигаҳ пора кунад чону танам,
Ман ақлу дилам садқа кунам ишвакунон.


Эй дӯст, биё, дасти дуо боз кунем,
Рӯ ҷониби Султони чаҳон роз кунем.
Модар, ки чароғи рӯшани манзили мост,
Бар умри дарозаш талаб оғоз кунем.

Ҳиқ- ҳиқи гиряҳо


Ҳиқ- ҳиқи гиряҳо бубин бандаи зиндон шудааст,
Кори марову дил нигар нолаву афғон шудааст.
Чун нигаҳи гамини мо ҷодаи шоди ки надид,
Ойинаи ду чашм ҳам дашти гамистон шудааст.
Болу пари мурғи умед бурида шуд зи дасти шак,
Дар қафаси даму нафас нола чу пинҳон шудааст.
Бори қалам ҳаме кунам дарду алам шоми сияҳ,
Ҳарфу ҳиҷои ин ғамам ҷамъу парешон шудааст.
Дар чати ёдамон бидон сабз бувад нуру умед,
Гарчи ки нозу қаҳри мо боиси ҳиҷрон шудааст.

Тасбеҳи ғам


Ҷоно, чӣ шавад ёри ситамкор набошӣ,
Мурдам зи ғамат мӯниси ағёр набошӣ.
Ман масти шароби нигаҳи нози ту ҳастам,
Боз ой ба майхона, чу ҳушёр набошӣ.

Тасбеҳи ғамат чарх занад дар кафи дардам,

Ҳайфо, ки ба зикраш ту мададгор набошӣ.

Ман то ба дари субҳ қиёмат кунам имшаб,
Гар бо дилакам дилбари ғамхор набошӣ.

Дар давраи васлат надидам нуқтаи марказ,
Эй кош ба ҷафо гардиши паргор набошӣ.

Хоҳам кушт


Туро ба ноз-ноз хоҳам кушт, шармида-шармида,

Ба сўзи пургудоз хоҳам кушт, хандида-хандида.

Ба тори зулфи печонам танат гар печ-печ бошад,

Ба дори мўи дароз хоҳам кушт, болида-болида.

Ба дасти тори мижгонам ба сабрат гўр мекобам,

Гарам огаҳ шудӣ, ҳамроз хоҳам кушт, нозида-нозида.

Ман амри қатли чашмонат ба дасти ин нигаҳ додам,

Гарам бурдӣ паноҳ боз хоҳам кушт, бўсида-бўсида.

Манам Шаҳзодаи бемеҳр ҳамин як чокари худро,

Ба шавқи марг сарафроз хоҳам кушт, печида-печида.

Биё


Канори боғчаи дил
Ҷуйбори шодиҳои мо
Ях баста.
Мурғи обии умедро, ки мурданист,
Куҷо барам?
Муҳаббат,

Эй бовари хуршедӣ,
Биё,
То пои шодиро зи дасти ин ҳама сардиҳо
ҷудо кунем
Ва аз қафаси сина
чуғзи ғам раҳо кунем!

Дард


Дард
Тасвири беинтиҳои тирукамон аст
Дар осмони сурхи дилам
ки ҳафт ранги сияҳ дорад.


Мо ошиқи чашмони ғазалгӯи туем,
Бисмилшудаи теғаки абрӯи туем.

Бо хуни дилам дарду ғамат кард вузўъ,
Бо тозаалам, вале равон сӯи туем.

Эй дӯст бигӯ қиблаи васли ту куҷост?

Афтону давон дар талаби рӯи туем.

Бо ёди рухат намози худ каср кунем,
Ту авф бикун мусофири кӯи туем

Аз хеш асар ҷуста наёбем аҷаб нест,
Мо гумшудаи ҷодаи раҳҷӯи туем.

Дар боғи дилам хаёли ту лолачин аст,
Беқадр чу оби рафта дар ҷӯи туем.

 

 

 

Шукрона мекунам Худо


Ба бешу кам, ки додаӣ, шукрона мекунам Худо,
Ба он чи ҳам надодаӣ, шукрона мекунам Худо.
Гарам ду чашми оҳусон Ту додаӣ ба ман, вале,
Сиришку нам ниҳодаӣ, шукрона мекунам Худо.
Савори боли орзу маро ба худ кашонда, боз,

Ба арш чу фарш мондаӣ, шукрона мекунам Худо.

Гаҳи зи ғам фитодану ба мастиҳо гурехтанам,

Фақат Ту ҷоми бодаӣ, шукрона мекунам Худо.
Ба таънаи ҳасуди дун чӣ чора метавон кунам?
Зи батни ғам Ту зодаӣ, шукрона мекунам Худо.
Зи боғи зиндагӣ барам сабад-сабад гуноҳи хеш,
Раҳими хатми ҷодаӣ, шукрона мекунам Худо.

Аз ман магир


Ту маро ошиқона садо макун
Ва ҳатто содиқона вафо макун
Фақат
Нафас-нафас буданатро
Дар пора-пора-пораи дилам
Аз ман магир!!!
Моҳи шаби тор магӯ
Ва ба ноз
Ту заҳраки мор магӯ…
Дар ду ҷаҳон ишқи туро

Ба ҷон харидор магӯ

Фақат
Бо зарабон тапиданатро
аз дили ман магир!!!


 

Ман туро чун ҳадяи поке зи Яздон ёфтам,
Дар лабонат хандаи хуршеди тобон ёфтам,

Эй хушо тирукамони осмони дил зи туст,
Бо муҳаббат нам-нами ёдат зи борон ёфтам.

Субҳи козибро дигар коре надорад чашми мо,
Субҳи содиқ аз ду чашмат ваҳ чӣ рахшон ёфтам.

Гарчӣ мерезад ҳазорон сидқро бар пои гул,
Марги шабнамро ба барги гул чӣ хандон ёфтам.

Гар зи нахли ин муҳаббат ранҷҳо ояд ба бор,
Хотири ҷамъро аз ин вазъи парешон ёфтам.

Бо умеди васли рўяш дидаҳоям рўи раҳ,
Беди маҷнун гаштаву худро чӣ гирён ёфтам,

Оксигени ҳастии дил гашта моро ишқи ту,
Ин ҳақиқат бо ҳама урёнӣ пинҳон ёфтам.

Ишқи ҷигарсўз


Ишқи ҷигарсўзи туро ин дили мо гашта ғулом,
Меравию ту биспарӣ ба дасти ғам маро мудом.

Шишаи айш бишканад хораи сангини дилат,
Соқии ашк мекунад бодаи фурқатат ба ҷом.

Дуди танури рашки мо то ба само кашида роҳ,
Кулчанигоҳи сидқи ту сўхтаасту нимахом.

Ку-куи ёд ба кўи ёр бол кашад зи шавқи дон,
Войи дареғи ку-куям дарду алам карда ба дом.

Пора ба пора мешавад пираҳани умеди мо
Риштаи сабр меканад, ҷабр диҳӣ умри давом.

Сураи ишқ чун шавад ҳарфу ҳичои номи ту,
Ҷойи намози дил бувад, дарду ғамат ба субҳу шом.

Оҳ, чӣ мешавад агар ба қасди қисмати бадам,
Пушти тиреза бишнавам: Сурайё, омадам, салом

Хасрати набудан


Хасрати набудани баргро

Дар шохахои урён

Дарахти бодоми богчаамон

Шаб бо барфи зимистон пушонд

Субх…

Хуршед гиряи фосилахоро аз гунахои барф

                                     то ба пои решахо бурд…

Бахорон …

Ин алам дубора сабз хохад шуд


Танхо сукут шохид


Борони дидахоро танхо сукут шохид,
Бар рух давидахоро танхо сукут шохид.
Гурги гурсна буда дарде, ки хамла мекард,
Чони рамидахоро танхо сукут шохид.
Осон шуда шикастан ойинаи дили мо,
Бишканначидахоро танхо сукут шохид.
Шуд киссаи гами мо афсона бар ду олам,
Афсун набудахоро танхо сукут шохид.
Пушти хати чудои танхо ки монда будам,
Охи кашидахоро танхо сукут шохид.
Як тори зулфи моро як мулк арзише буд,
Кимат шикастахоро танхо сукут шохид.
Бонуи хоб н-омад бар пойбуси мижгон,
Чашми кушудахоро танхо сукут шохид.
Маъзур з-ин шикоят аз бешу аз ками хеш,
Х,ар чи шунидахоро танхо сукут шохид.

Гуям ва ё нагуям


Ин достони гамро гуям ва ё нагуям?
Хастии бешу камро гуям ва ё нагуям?
Афтодаему мискин дар кучахои ишкаш,
В-он дидахои намро гуям ва ё нагуям?
Имрузро чи гуям? фардост хосили умр,
Фурсат шумор дамро гуям ва ё нагуям?
Он ёрро, ки мерафт осуда аз бари мо
Нашнид зеру бамро гуям ва ё нагуям?
Махтоб ошики руз васлаш надида боре,
Ин рози субхдамро гуям ва ё нагуям?
Аз мо набуда дунё, хушдор мефиребад,
Поёни печу хамро гуям ва ё нагуям?

Шикастаам


Ойинаи ду чашми ман нигар, шикастиву шикастаам,
Дунболи хоби ман наё дигар, шикастиву шикастаам.
Қалбам зи кўйи ҳасратам ёбӣ, ки пора-пора аст,
Дубора васл метавон магар, шикастиву шикастаам.
Ёди ту мекунад суроғ дубора об шудаст дилам,
Беоташам бисўхт ҷигар, шикастиву шикастаам.
Гар ғарқи хоҳишам, бидон, азизат набудаам,
Будӣ азизам бас агар, шикастиву шикастаам
Руйин дилат ба оташи муҳаббат нашуд нарм
Оҳангаре гашт беҳунар, шикастиву шикастаам.
Бе сабр шавад ғўра ба боғе агар ҳалво, аҷаб нест,
Ҳалвои он нашуд шаккар, шикастиву шикастаам.
Бар гарданам чун кўзаи пурбодаи азал, кунун,
Дасте кашида кўзагар, шикастиву шикастаам.

Умед


Гарчи имшаб
Бахор ситора мечинад
бар сабади гул
Ва зулфони мачнунбедро, ки тоза баъди сардихо
табассум кардан омухт,
Шона мезанад бод
Ва кабутаронро дар дили шаб
Аз накхати бахор чашмхо ба хам намеоянд
Дили маро майли тапидан нест.
Ойинахоро шикастаанд
Умедхо сарди сарди сард аст.
Ай дуст
Пушти ин панчарахо
Нишони шодиро намебини?
Офтоб кучост?
Ёдам мерасад,
Замоне модарам мегуфт:
-«Хуршед хам бар Худо сачда мекунад
Бубин
Милюнхо сол хабари вакти намоз мегуяд
Ва хар су, ки сараш бар замин ниход
Хонаи Худову киблаи мо ончост…
Худоро аз андозаи худаш дуст бояд дошт»
Шукр бояд гуфт…
Ва писарам меояд
Табассуми хати лабаш
(ки дасти Худо кашидааст)
Паёми шодиро мегуяд
Бигу модар,
Хонаи Худо кучост?

Акси гам


Гохо даруни ойинаи утоки хобам

Суи ман акси зане, ки чашмош лабрези гам аст

Хира мешавад

Гарчи мехохам дар когази лабонаш тархи табассум бикашам

аммо намешавад

Мушкил дар ойина аст,

Ва шояд лабони зан ва ё хамон  чашмон

намедонам

Рости аз огоз

Ба дарси суратгари бахои ман бист набуд

Оинаро гуфтам

халли мушкил бояд

Хандид,

         сипас гиристу гуфт

Бар ту дилам месузад!!!

Вакте…


Вакте

Андух вучуди маро чун чуби дарахти хушк аз дарун мехурд

Ва хазони ашк барг – барг дахшати гамамро меларзид

 Ва ноумедихо решаамро теша мезад

Дард шодихоро хезуми тар буд

Ва ман дудкунон месухтам

Эй мояи саодат!

Аз ту меандешидам

Мабодо гарди хокистарм мижгони туро озорад…

Метарсам…


Ман аз лутфи камат бисёр метарсам

Пасон, аз таънаи агёр метарсам

Чу шамъе бехабар аз худ хаме сузам

Ман аз ин холати ночор метарсам

Чаро гуи хадиси ишк камтар гу

Худо шохид ман аз ин кор метарсам

Агар гуянд бовар кун вафоямро

Аз ин бовар хазорон бор метарсам

Шаби даймах маро андуху гам дод

Ки ман аз ин шабони тор метарсам

Гусса мегуяд


Гусса мегуяд ба дил танг омадам, охам бикун,

Шукр мегуяд,  ки хошо, руй бар  мо хам бикун.

Ман намедонам чи гуям киссахои шукрро,

Дар миёни ин ду мондам чонибе рохам бикун.

Юсуфи гумгаштаро пайдо намесози агар,

Ман Зулойхоям, канораш зинда бар чохам бикун.

Эй ки мегуи, маро бошад гамат ранги сароб,

Дар биёбон  нам- нами борони хамрохам  бикун.

Баски имшаб мизбони кахкашон начме набуд,

Мехмони хотирам шав, х,олаи мохам бикун.

Дуо кардам


Дар ин шабхо бароят ман дуо кардам, дуо кардам,
Мабодо ки-н сухан гуи, хато кардам, хато кардам.
Худо аз арш ишкатро даруни сина гар бинход,
Чуз ин коре накардам, ки вафо кардам, вафо кардам.
Хар он захме ки дурият бароям хадяе фармуд,
Факат бо шукри хастият даво кардам, даво кардам.
Зи боги дигаре хар шаб ту себи бусахо чини,
Намедони ки ман бо худ чихо кардам, чихо кардам.
Фалакро сахт ранчидам, гамат арзон бароям дод,
Бубахшо, ин ки густохи чаро кардам чаро кардам.
Хама рузу шабон дони ду чашмам чори рохат буд,
Намози интизориро казо кардам, казо кардам
Гаматро чун харидорам, ба савдоят гирифторам
Чу ишкатро ба нархи чон бахо кардам, бахо кардам

Шахри гам


Рахгумзадаи шахри гамам

Шахриёр кучост?

то шикоятша барам,

Ки шабаш хеч ситорае надорад

Ва махтобаш пушти абр нишаставу

Рахи шодиро то хиёбони нур рушан намекунад

Хама рузаш боронист

Ва хеч фурушгохаш

Як чатри шоди надорад,

ки аз нам –нами андух рахо шавам

Умедро навмедихо зиндон кардаанд

Ва пои табассуми нигохро занчир бастаанд

Ман дар шахире, ки

Шумори тефелфуни шодиро ракам задан мамнуъст

Ва муштарии бовари фардо машгул аст

Аз рахгузаре мепурсам

Киблаи ин шахр кучост?

Китф ба хам мекашаду мегузарад

Ман аз ин шахр, ки  саро сар сард аст

Бо зикри Худо

дасти рахо мечуям

Оё нафаре хаст, ки

Ояд, гуяд:

-«Шахри шоди

Пушти хамин панчарахост»

Ман дар он шахр

Намози шукр казо карда будам!!!

 

НАМЕДОНАД


Хастам, ки хуморияш он ёр намедонад
Сад шукр хаме гуям агёр намедонад
Бо дасти калам хар дам аз дод алам гирам
Хар баргаи гам гуяд хушдор, намедонад
Аврок шикоят кард, гуфто: сияхам карди
Испедии рухсорам боз ор, намедонад
Гуфтам дили афгорам хунаш ба калам резад
Кай бошад агар гуян(д) озор намедонад
Юсуфсифати моро парвои Зулайхо не
Ин маст чи мехохад, хушёр намедонад
Ин чак чаки андухам аз халтаи зардоб аст
Чуз чакра чакар асло гуфтор намедонад

Имшаб


Борон мешорад руи шишахои хона

Хасад мебарам абрро, ки метавонад

Гамашро бебахона борад

Имшаб

На ситора хаст, на махтоб

Ва на як бахона, ки дар осмони буданаш

Набуданатро биборам

Дар оинаи роёна

Бо алокахои гунг

нафаре паём мефиристад

-Салом

Аммо, эй ошно ва ё ноошно

Маро бубахш, ки

Имшаб хеч саломеро

Алайк наметавонам гуфт

Ва радди пои шодиро

То шахри умед нахохам бурд

Дубора танхои ба огуш мекашад маро

Ба сардии ин огуш

Ба ранг ба ранги пирохани дардаш

ва ба вахими нигохи пурсукуташ

ба садокати буданаш нафрат дорам

Ва

Дубора сари зонуи ман

Дар интизори субх

«Мухри гули мино»-и Фарзона лахзашумори шаб буд

Ва пушти сахфа мехонам:

«Барои хар касе ки шокиру тавоност

Зиндагони зебост!»

Ман, ки шукр мегуям

Ва андар нотавонихоям

Дар ин пахнои бепахно зи зебои аср чуям

Бибояд

Худамро аз худам руям!!!

Дар ин шабхо….


Дар ин шабхо,
агарчи хонаи сангини ман сард аст
Хаёли руи хуршедат бубахшад бар танам гарми
Дар ин шабхо, ки хатто исторагон аз сарди меларзанд
Ягона боварам хасти
… Барои будани фардои фардоям
Аё эй ишк, армонам
Агарчи сахт мелангад ду пои ишк
Зи дасти кисмат
маxрух дастонаш
Вафодориву меои ба сeи ман
Аё эй ишк, армонам

Дар ин шабхо,
агарчи хонаи сангини ман сард аст
Умедат
ошёнам гарм месозад
ва хатто куфл бар дар интизор аст омадатро
Ту меои…
Агарчи боз медорад туро полиси навмеди
Агарчи рохи хонаамро
мефиребанд ашку андухам
Агарчи сахт хайрони
ки чун ойи, кучо ойи ва кай ойи
Аё эй ишк, армонам
Ту меои…
Ва танхои аз рашк мемирад!!!
Ту мемони…

Дона-дона мухаббат


 Агар чи дона дона мухаббаттро
Ман ба риштаи вафо
Чун гули гелос мечинам
Ва
саломи хуршедро бо номи ту
… алайк мегуям
Ва садокатро
Сахфа сахфа
Ранги сидк мебахшам
Ва танхоиро вузуъ мегирам
Барои намози омаданат
Вале…
…Шояд
Барои хамин гунох
Дубора пушти парда мемонам

Гули ихлос


Дар миёни ин хама анбухи дард,
ки сияхрангаш
Сурхии рухсори маро медуздад
Метарсам
Аз дахшати бемехрии бахт
Ки пушт ба ман аз бари ман мегузарад
Дар миёни ин хама лахзашуморихо
Имрузу фардову паси фардохо
Сахт метарсам
аз ин харфи биё
Аз чунин сояи навмедиву яьс
Аз хама чуну чаро
Ва зи хомушии садои ту
пушти хати алокахо
Дар миёни ин хама овоз ки гунг аст
Ман садои пои набуданатро мешунавам
Вале
Бо ин хама, ман
аз барои дард
ва барои бахт
ва ба хомушии садои ту
Бо шукр…
Гули ихлос хохам бурд!!!

Борониам


Ман дар сукути шаб
Дар огуши танхои
Хати алокаи хотирахоро
Пайванд мезанам ба ёди хеш
Шумори лахзахои бо ту буданро
… Ракам мезанам
Хушбахти хомуш аст.
Дубора мечакам
Хасратро
Аз новахои чашм…
Борониам
Ва лабрезам танхоиро…
Кош холи шавам

Биё, то дубора нафас кашам туро


Ман нагуям, ки ту чонаму
ишкат дар шарёни ман чорист
Ман нагуям биё, то дубора нафас кашам туро
На … на нагуям,
Чои ту канори танхоиям боист
Ва зиндагиамро
Сабзарнгии як нигохи кавкабиат кофист
Интизор надошта бош, ки бигуям
Туро ёд хаме кардам
Дуруг аст
Ту дар ёди мани хардам
ва
хешро ба дасти ишки ту сипардам
Бехабариву хануз
Руи токи уток
кобе интизори акси туву холист!!!

Чи гуям?


Пушти панчарахо махтоб механдад ба руям

Ман чи гуям?

Доги танхоиро

Ки хаёлам

Ба пирохани набуданат чакидааст

Магар бо ашки хушкида шуям

Аз чи гуям?

Аз гулдони холи?

ки хануз хам гули умед даз ту багал накардааст

Ё аз хамон оинаи утоки хоб?

ки метарсам нигох кунам…

Рох … хануз васли пои ту наидааст…

Бод, ки ошики нихолаки бари хонаам аст

Себи буятро

дар сабади бахори начидаву

бар машом хадя надодааст…

Аз чи гуям?

Аз шабу субху шаб

Ё аз субху шабу субх,

ки чилварези ёди туст, зехни ман

Ман чи гуям?

Шояд….

…Бояд чизе нагуям!!!

Намеояд


Шаб
Сукути хона пур аз овои танхоист
Пушти дар
Интизори бо гули барги умед
Бахона мешуморад
«Меояд», «Намеояд»
Соати девор
Охиста ба гуши интизори мегуяд
Барои ту дилам месузад
Аммо
Дарун бие намеояд!!!

Имшаб


Дубора гул кунад исмат ба руи лабам, имшаб
Ба ёди он ишки синасуз дар табам имшаб
Хаёли туро ки мечинам аз кучахои шаб
Ба зери себи маху ситораи шабам имшаб
Дигар ба чодари пироханат гам намедузам
Ба кунчи олами орзухот ман шахам имшаб
Ба рагми он хама дарде ки аз набуданат дорам
Бигуямат хаме дурахшон бод даргахам имшаб
Ту бонуи гами чахон рахо кунам кунун боре
Ки суи олами шоди равон зи рахам имшаб

Хеч намонда


Дар ишки ту бандам, асаре хеч намонда
Чун ёд накарди хабаре хеч намонда
Осудаву ором сафар кард вафоят
Ман мондаву накшуда даре хеч намонда
Мехроб кунам номи ту дар масчиди ишкам
Чуз киблаи руят назаре хеч намонда
Яздон зи латофат гули бехор надода
Аз руди вафоят гухаре хеч намонда
Дигар набарам аз ту шикоят ба дари У
Валлах шаби гамро магаре хеч намонда

Харгиз магу


Гўи мерам то дубора бар сафар, харгиз магу
Ту надори чун зи харфи дил хабар харгиз магу
Ман чи гуна медихам бар хештан осудаги
Аз равонам меравад чонам магар, харгиз магу
Ончунонам банд карди бо расанчодуи ишк
Бин ки фармони дили ман ин кадар, харгиз магу
Ошёнам гарм созад як нигохи мехрбор
Чун намедони чудои дорад хатар, харгиз магу
Як сабад истора орам аз канори себи мах
Ту ба суи кахкашон бозам нигар, харгиз магу
Дар канорат чилва дорад офтоби ин замин
Чашм во кун чумла зебо менигар, харгиз магу
Гарчи гуфтам ман хадиси дил ту хондияш хато
Аз замона кун шикоят, бесипар, харгиз магу

Туро ёд меорам


Чи микдор бояд
Туро бифахмам,
бибахшам …
То факат як бор
Аз ман биандеши…

***
Чашмони
ту хечгохе
зери поятро надидаанд
Хануз резапорахои диламро
Барначиди…

***
Бе гули ёди ту
сабади боги дилам холист
Биёву дар ман шукуф….